Душанбе. 6-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Аз 9-уми феврали соли 2009 ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилии навъи сабукрави дорои то 7 (ҳафт) ҷои нишаст (ба истиснои ҷои нишасти ронанда), аз он ҷумла тамғаҳои «Дамас», «Чанху», «Хафей» ва ғайра, ки тавассути онҳо фаъолияти мусофиркашон
ӣ
ба анҷом расонда мешавад, дар хиёбонҳои И.Сомон
ӣ
(аз чорроҳаи И.Сомон
ӣ
-Ғафуров то бурриши хиёбони Рӯдак
ӣ
), Н.Қарабоев (аз бурриши кӯчаи А.Фирдавс
ӣ
то бурриши кӯчаи С. Шероз
ӣ
(Сирк)-и пойтахт), манъ карда шаванд. Ин навъи мошинҳои сабукрави мусофирбар миёни мардум бо номи «Тангем» маъруфанд.
Тавре сухангӯи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, қарори мазкур бо мақсади мӯътадил намудани шиддатнокии ҳаракати нақлиёт, таъмини бехатар
ӣ
(аз ҷумла бехатарии эколог
ӣ
), ҳифзи манфиатҳои мусофирон ва истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ва танзими хизматрасонии нақлиёт
ӣ
дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳри Душанбе қабул гардид.



