Имсол дар Тоҷикистон иди саиди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад ва сокинони кишвар ба ин муносибат, 1 рӯз истироҳат мекунанд.
Афшин Муқим, сухангӯи Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим ба “Азия-Плюс” гуфт, ки субҳи имрӯз Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ҷаласа баргузор карда, дар асоси мушоҳидаи моҳ ва хулосаи Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи миллии илмҳо рӯзи дақиқи фарорасии идро дақиқ кардааст.
“Тибқи қарори қабулшуда дар ин маҷлис ва мувофиқи ҳисоби илмӣ оид ба руъяти ҳилол иди саиди Қурбон дар Тоҷикистон рӯзи 27-уми май фаро мерасад ва намози ид дар масоҷиди кишвар соати 6:00 баргузор мешавад”, – гуфт ҳамсӯҳбати мо.
Қаблан, Саидмукаррам Абдулқодирзода, муфтии Тоҷикистон ҳам ба “Азия-Плюс” гуфта буд, ки тибқи ҳисобҳои пешакӣ имсол иди Қурбон ба 27-уми май рост меояд.
Аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи кишвар ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки сокинони Тоҷикистон ба муносибати иди Қурбон як рӯз истироҳат мекунанд. Ба иттилои ин ниҳод, рӯзи баъд аз ид корӣ хоҳад буд.

Иди Қурбон, ки бо номи иди Азҳо низ ёд мешавад, ҳамасола дар рӯзи 10-уми моҳи Зулҳиҷҷа (тақвими қамарӣ) ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз маъмулан 70 рӯз ё ба ибораи дигар, пас аз 2 моҳу 10 рӯзи иди Фитр фаро мерасад. Дар ин рӯзҳо миллионҳо мусалмон дар Маккаи Мукаррама ҷамъ омада, зиёрати хонаи Худоро ба ҷо меоранд.
Дар Тоҷикистон ҳам иди Қурбон расман таҷлил мешавад ва он рӯз сокинони кишвар истироҳат хоҳанд кард. Субҳи барвақт дар тамоми масҷидҳои ҷомеъ намози ид гузошта мешавад. Уламои дин дар мавъизаҳои худ мардумро ба сулҳу ваҳдат, эҳтироми калонсолон ва дастгирии эҳтиёҷмандон ҳидоят мекунанд.
Пас аз намоз, шаҳрвандон ба оромигоҳҳо рафта, барои оромгоҳи гузаштагони худ дуову фотеҳа мехонанд. Дар бархе манотиқ дастурхони идона ороста мешавад.
Яке аз рукнҳои муҳими ин ид кумак ба камбизоатон мебошад. Мардуми хайрхоҳ дар ин рӯзҳо на танҳо бо гӯшти қурбонӣ, балки бо либос, маводи ғизоӣ ва ё пули нақд ба оилаҳои дастнигар ёрӣ мерасонанд.






