Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Шаҳноз Ализода, asia+

Ду рӯзи охир дар пайи шамоли сахт ва боришоти борон дар Душанбе ва чанд шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон даҳҳо дарахт шикаста, чандин хона осеб дида, ҳаракати роҳу низоми барқрасонӣ мушкил шудааст. Инчунин, 5 мошин зери лой монда, 2 сар чорвои калон талаф ёфтаанд.

Тибқи гузориши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандӣ дар пайи вазиши шамолҳои сахт дар ду рӯзи гузашта, дар шаҳри Душанбе даҳҳо дарахт шикаста, болопӯши бархе аз баландошёнаҳо қисман зарар дидаанд.

– дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ 5 дарахт, болопӯши 5 бино ва рӯйпӯши сохтмони Хадамоти алоқа зиён дидааст;

– дар ноҳияи Сино 8 дарахт, болопӯши 3 бино ва 3 мошин осеб дидаанд;

– дар ноҳияи Фирдавсӣ 3 дарахт, болопӯши 4 бино ва сохтмони Маркази таълимӣ ва қисми ҳарбии КДАМ зарар дидаанд;

– дар ноҳияи Шоҳмансур 6 дарахт шикастааст.

КҲФ гуфтааст, ки дар шамолҳои ду рӯзи гузашта талафоти ҷонӣ сабт нашудааст.

Бинои Хадамоти алоқа, акс аз asia+

Суғд

Дар натиҷаи омадани сел дар чанд шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд хонаву заминҳои сокинон ва роҳу дигар иншооти ёрирасон зарар дидааст.

Аз ҷумла дар деҳаи Аппонии ноҳияи Ашт ба 36 таҳхонаи иншооти ёрирасони сокинон обу лой ворид шудааст.

Дар чанде аз деҳаҳои шаҳри Панҷакент сел омада, дар натиҷа 26 хона пурра, 1 хона қисман, 34 иншооти ёрирасон, 2 км роҳ, 13,2 км шабакаҳои обёрӣ, хатҳои интиқоли барқ, хатти оби нӯшокӣ ва 70 гектар замини кишоварзӣ зиён дидааст.

Ҳамчунин, дар деҳаи Пиёни ҷамоати Фондарёи ноҳияи Айнӣ санги калон чаппа шуда, ба як иншооти ёрирасон зарар расонидааст.

Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ

Навоҳии тобеи марказ

Дар шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Рудакӣ дар пайи шамоли сахт чанд дарахт шикаста, хонаҳои зист, иншооти ёрирасон, хатҳои интиқоли барқ ва сутунҳо хароб шудаанд.

Шамоли сахт боми 4 бинои баландошёнаро дар шаҳри Ваҳдат канда, роҳи мошингарди Ваҳдат–Кӯлобро муваққатан бастааст. КҲФ гуфтааст, ки офати табиӣ бартараф ва ҳаракат дар ин роҳ барқарор шудааст.

Дар деҳаи Даҳанаи ҷамоати Ромити ин шаҳр сел як мошинро ба дарёи Кофарниҳон бурдааст. Инчунин, 5 мошин дар лойқа дармонда, 2 симчӯби барқ осеб дида, 2 сар чорвои калон талаф ёфтаанд.

Акс аз asia+

Як муддат роҳи мошингарди Ваҳдат–Ромит низ баста шуда, баъди бартарафкунии офати табиӣ ҳаракати нақлиёт барқарор шудааст.

Дар ноҳияи Сангвор низ дар пайи боришоти шадиди борон роҳи мошингард муваққатан баста шуда, дигарбора боз шудааст.

Тибқи иттилои КҲФ, дар беш аз чор моҳи соли равон (аз 1-уми январ то 13-уми май) дар пайи офатҳои табиӣ 8 тан ҷони худро аз даст додаанд.

Аз ҷумла, шаби 1-уми май дар шаҳри Кӯлоб сел омад, ки дар пайи он се нафар ҷон бохта, се тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Чанд хона ва иншооти гуногун зарар дидаанд. Ҳоло хисороти обхезӣ дар шаҳри Кӯлоб маълум нест.

Мақомот қаблан гуфтанд, дар пайи сел дар ин шаҳр 850 оила зарар дидааст.

Тафсилоти ин ҳодиса ва ҳаёти сокинони шаҳрро баъди обхезӣ дар гузориши “Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд? мутолиа кунед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.