Ш.Шабдолов: Сарони кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Русияро мебояд сари мизи гуфтушунид нишаст

Date:



           

Душанбе. 30-юми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Намояндаи парлумони ҷумҳурӣ одӣ Шабдолов бар чунин назар аст, ки сарони кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Русияро мебояд сари мизи гуфтушунид нишаст ва барои ҳалли мушкилоти зуҳурёфта оид ба танзими ин масоил дар сатҳи давлатӣ созишномаҳо ба имзо расонид.





           

Ш.Шабдолов мегӯяд, дар масъалаи истифодаи захоири обӣ бояд шартномаи усулие ба имзо расад, ки манофеъи ҳама ҷонибҳоро ҳимоят кунад ва аз тарафи парлумонҳои давлатҳо таъйид гардад. «Дар асоси усулҳои муқаррарсохтаи шартномаи мазкур парлумонҳои давлатҳо дар бораи истифодаи энергия, захоири обии рӯдхонаҳои фаромарзӣ ва интиқоли барқ қонунҳое мекунанд, ки мухолифи якдигар нахоҳанд буд», – гуфт ӯ.




           

Раиси Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон зикр кард, ки дар масъалаи таъсиси шабакаи ягонаи барқи минтақаи Осиёи Марказӣ, ки минбаъд ҷиҳати содироти барқ дар қисмати шимол бо Русия ва дар қисмати ҷануб бо Эрону Ҳиндустон ва Чин пайваст мегардад, ҳеҷ мушкилоти техникие мавҷуд нест ва ин нукта ҳамчунин ба масоили танзими раванди ҳаракати нақлиёт ва коммуникатсия низ дахл дорад.




           

Ш.Шабдолдов мӯътақид аст, ки бидуни ҳамгиройии кишварҳо дар минтақа танзими нархи нафту газ ва ғайра ғайриимкон аст, зеро агар нархҳоро ба ҳоли худ гузорему онро бо биржаи Лондон муқоиса намоем, ҳама гуна калавиши бӯҳрони ҷаҳонӣ ба иқтисоди кишварҳо таъсири ногувор хоҳад расонд. «Аз ин рӯ, дар ҳалли чунин масоил мо бояд бозори усувори минтақавии худро доро бошем, ки дар он Русия низ бояд ширкат кунад», – изҳор дошт ӯ.




           

Намояндаи парлумон афзуд, ки дар масъалаи истифодаи захоири обии минтақа гуфтушунидҳои дуҷониба самарае ба бор нахоҳанд овард ва онро мебояд дар чаҳорҷӯбаи ИДМ ва Русия ҳал намуд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...