Ба таъсиси Хадамоти оташнишонии ВКД ҶТ 81 сол пур шуд

            Душанбе. 30-юми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз ба таъсиси Хадамоти оташнишонии ВКД ҶТ 81 сол пур шуд.             Муовини аввали сардори хадамоти мазкур К.Салоҳиддинов дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 518 ҳодисаи сӯхтор рух додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 89 ҳодиса камтар аст.             […]

Валентина Кондрашова




           

Душанбе. 30-юми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз ба таъсиси Хадамоти оташнишонии ВКД ҶТ 81 сол пур шуд.







           

Муовини аввали сардори хадамоти мазкур К.Салоҳиддинов дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 518 ҳодисаи сӯхтор рух додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 89 ҳодиса камтар аст.






           

Ба гуфтаи К.Салоҳиддинов, яке аз сабабҳои асосии сар задани сӯхтор насби нодурусти симҳо ва дастгоҳу таҷҳизоти барқӣ буда, зимни сохтмони манзилҳои истиқоматии нав талаботи зарурии меъёрҳо сарфи назар карда мешавад. «Сабаби дигари бештар сар задани ҳодисаҳои сӯхтор – истифодаи нодурусти таҷҳизоти газӣ аст ва қариб 29 дарсади ҳодисаҳои сӯхтор бо ин сабаб рух медиҳанд», – гуфт ӯ.






           

К.Салоҳиддинов афзуд, муносибати беэҳтиётона бо оташ (19,5 дарсади ҳодисаҳо) низ дар аксари маврид ба сар задани сӯхтор боис мегардад ва дар зарфи шаш моҳи соли ҷорӣ ба иллати бозии кӯдакон бо гӯгирд 51 ҳодисаи сӯхтор (11 дарсад) ба амал омадааст. «Қариб дар 99 дарсади мавридҳо ҳодисаҳои сӯхтор бо айби худи шаҳрвандон рух медиҳанд, зеро онҳо ба рияои талаботи қоидаҳои зарурии бехатарӣ эътибори ҷиддӣ намедиҳанд», – афзуд ӯ.



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.