Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар Тоҷикистон 6 ҳазор нафар зиёдтар кӯдак таваллуд шуд

Date:



                



Душанбе. 25-уми июл – Мувофиқи маълумоти омории фаврӣ дар ҷумҳурӣ дар давоми шаш моҳи аввали соли ҷорӣ 1482 нафар кӯдакони синни то 1 сола ва 330 нафар кӯдакони синни аз 1 то 4 сола, фавтидаанд, – иттилоъ дод зимни нишасти матбуотӣ Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Салимов.





                

Ӯ зикр намуд, ки нишондоди фавти кӯдакони синни то 1 -сола нисбати 1000 зиндатаваллуд 17,1 (шаш моҳи соли 2008 – 18,3) ва нишондоди фавти кўдакони синни то 5 -сола 20,9 (шаш моҳи соли 2008 – 23,0)-ро ташкил дод.




                 

Дар шаш моҳи соли ҷорӣ нисбат ба шаш моҳи соли 2008 нишондоди таваллуд зиёд ба қайд гирифта шудааст. Агар дар шаш моҳи соли 2008 80493 (23,0 нисбати 100 000 аҳолӣ) нафар кўдак таваллуд шуда бошад, пас ин нишондод дар шаш моҳи соли ҷорӣ 86525 (24,2 нисбати 100 000 аҳолӣ) нафарро ташкил намудааст. Дар ин бора АМИТ «Ховар иттилоъ медиҳад.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...