Шумори беморони домана дар ҷумҳурӣ 2,2 баробар афзуд

            Душанбе. 25-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар зарфи шаш моҳи соли ҷорӣ шумори беморони домана дар ҷумҳурӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2 баробар афзуд.             Дар нишасти матбуотӣ вазири тандурустии ҶТ Нусратулло Салимов изҳор дошт, ки шурӯъ аз оғози соли ҷорӣ дар кишвар 338 ҳодисаи гирифтор шудан ба бемории домана ба қайд […]



           

Душанбе. 25-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар зарфи шаш моҳи соли ҷорӣ шумори беморони домана дар ҷумҳурӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2 баробар афзуд.





           

Дар нишасти матбуотӣ вазири тандурустии ҶТ Нусратулло Салимов изҳор дошт, ки шурӯъ аз оғози соли ҷорӣ дар кишвар 338 ҳодисаи гирифтор шудан ба бемории домана ба қайд гирифта шудааст. «Сабаби асосии ба ин беморӣ мубтало гаштан – сифати ғайриқаноатбахши оби нӯшокӣ дар маҳаллаҳо буда, феълан дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ ҳолати низоми обу корез хеле бад аст, ки ба зуҳуру афзоиши бемориҳои сироятӣ боис мегардад», – гуфт ӯ.




           

Ба гуфтаи вазир, дар ин давра ҳодисаҳои гирифторӣ ба бемории домана аз ҳама бештар дар ноҳияи Рӯдакӣ ва Исфара ба мушоҳида расидаааст. «Тайи 3-4 соли ахир зуҳури бемории домана дар ноҳияи Кӯлоб зиёд сабт мегардиданд, вале феълан вазъ дар ин ноҳия хеле беҳтар шуд, – афзуд Н.Салимов.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.