Ба санаи 1-уми июли соли ҷорӣ ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон ҳудуди 1,5 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дод

            Душанбе. 25-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Ба санаи 1-уми июли соли ҷорӣ ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон 1 млрд. 473,28 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) 25,4 дарсадро ташкил медиҳад.             Дар нишасти матбуотӣ вазири молияи ҶТ Сафаралӣ Наҷмиддинов изҳор дошт, ки бо вуҷуди нисбат ба оғози сол афзудани […]



           

Душанбе. 25-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Ба санаи 1-уми июли соли ҷорӣ ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон 1 млрд. 473,28 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) 25,4 дарсадро ташкил медиҳад.





           

Дар нишасти матбуотӣ вазири молияи ҶТ Сафаралӣ Наҷмиддинов изҳор дошт, ки бо вуҷуди нисбат ба оғози сол афзудани ҳаҷми қарз ба таври номиналӣ ба маблағи 101,84 млн. $, дар таносуби фоизӣ ба ММД нисбат ба оғози сол он ба андозаи 1,3 дарсад коҳиш ёфтааст. «Маблағи мазкур асосан аз ҳисоби қарзҳои гирифта барои амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар бахшҳои энергетикаву сохтмон ва сохтмони роҳҳои мошингарду терминали фурудгоҳи пойтахт зиёд шуд», – гуфт ӯ.




           

Вазири молияи ҶТ зикр намуд, ки сохтору шартҳои пешниҳоди қарзҳо барои ҷумҳурӣ муфид аст, зеро фоизҳои гузошта ба қарзҳо ночиз буда, мӯҳлати пардохти онҳо аз 25 то 40 сол аст. «Дар ин давра баҳри пардохти қарзҳои хориҷии кишвар 21 млн. $ маблағ масраф гардид», – баён дошт вай.




           

С.Наҷмиддинов афзуд, Тоҷикистон аз ҳама бештар ба Чин қарздор буда, ҳаҷми он 549 млн. $ ё худ 38 дарсад аз ҳаҷми умумии қарзи хориҷии ҷумҳуриро ташкил медиҳад.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.