Боз 3 кӯчаи шаҳри Душанбе мавриди таъмиру бозсозӣ қарор мегиранд

            Душанбе. 25-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Боз 3 кӯчаи шаҳри Душанбе мавриди таъмиру бозсозӣ қарор мегиранд.             Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти раиси пойхтахт иттилоъ доданд, бо қарори раиси шаҳр Маҳмадсаид Убайдуллоев, Сарраёсати ободонии мақомоти шаҳрдорӣ вазифадор шудааст, ки корҳои таҳияи асноди таъмиру бозсозии кӯчаи Соҳилӣ – аз хиёбони Саъдии […]



           

Душанбе. 25-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Боз 3 кӯчаи шаҳри Душанбе мавриди таъмиру бозсозӣ қарор мегиранд.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти раиси пойхтахт иттилоъ доданд, бо қарори раиси шаҳр Маҳмадсаид Убайдуллоев, Сарраёсати ободонии мақомоти шаҳрдорӣ вазифадор шудааст, ки корҳои таҳияи асноди таъмиру бозсозии кӯчаи Соҳилӣ – аз хиёбони Саъдии Шерозӣ то буриши кӯчаи Абдураҳмони Ҷомӣ, сохтмони роҳи мошингард дар кӯчаи Соҳилӣ – аз кӯчаи Ҷомӣ то пайвастшавӣ ба кӯчаи Н.Қаробоев ва корҳои таҷдид дар кӯчаи Алишери Навоӣ – аз буриши кӯчаи Б.Ғафуров то дарвозаҳои ғарбии пойтахтро омода созад.




           

Айни замон дар 7 кӯчаи шаҳри Душанбе корҳои таъмиру бозсозӣ гузаронида шуда истодаанд, ки баҳри иҷрои он мақомоти шаҳрдории пойтах 28 млн. сомонӣ маблағ ҷудо кард.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.