Дар зарфи шаш моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 44,6 ҳазор бекорон ба қайд гирифта шуданд

            Душанбе. 24-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ зиёда аз 88 ҳазор ҷойҳои кории нав ташкил гардид, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 35 ҳазор бештар буда, 59 дарсади нақшаи «Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолии ҶТ барои солҳои 2008-2009»-ро ташкил медиҳад.             Чанде қабл зимни як нишасти […]

Мавҷуда Ҳасанова



           

Душанбе. 24-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ зиёда аз 88 ҳазор ҷойҳои кории нав ташкил гардид, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 35 ҳазор бештар буда, 59 дарсади нақшаи «Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолии ҶТ барои солҳои 2008-2009»-ро ташкил медиҳад.





           

Чанде қабл зимни як нишасти матбуотӣ вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Шукурҷон Зуҳуров изҳор дошт, ки дар давоми соли ҷорӣ 386 ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод доир гардида, 34 ҳазору 400 нафар шаҳрвандони бекор бо ҷойи корӣ таъмин карда шуданд.



«Аксари корёфтагон дар ин ярмаркаҳо бинобар паст будани ҳаҷми музди меҳнат муддати зиёде дар ҷойи нави корӣ фаъолият накарда, боз ба сафи бекорон баргаштанд», – гуфт ӯ.



Вазир афзуд, дар ин давра дар мақомоти шуғли аҳолии ҷумҳурӣ 44,6 ҳазор нафар шаҳрвандони бекор ба қайд гирифта шудаанд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон Ҷоми Осиёро бо пирӯзӣ оғоз кард

Ва ҷиҳати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигар қадами аввал гузошт.