Тибқи натиҷаҳои назарсанҷии як маркази русиягӣ, 85 дарсади аҳолии Тоҷикистон фаъолияти президентро маъқул мешуморанд

            Душанбе. 22-юми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Тибқи натиҷаҳои назарсанҷии Маркази умумирусиягии омӯзиши афкори ҷомеа, ки дар 14 ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ гузаронида шудааст, 85 дарсади аҳолии Тоҷикистон фаъолияти президентро маъқул шуморидаанд.             Ин нишондиҳанда дар Қазоқистон низ ҳамин миқдор буда, 73 дарсади аҳолии Русия аз фаъолияти президенти худ ризоият изҳор кардаанд. «Дар Украина 86 дарсади […]

Фирдавс Муртазоев



           

Душанбе. 22-юми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Тибқи натиҷаҳои назарсанҷии Маркази умумирусиягии омӯзиши афкори ҷомеа, ки дар 14 ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ гузаронида шудааст, 85 дарсади аҳолии Тоҷикистон фаъолияти президентро маъқул шуморидаанд.





           

Ин нишондиҳанда дар Қазоқистон низ ҳамин миқдор буда, 73 дарсади аҳолии Русия аз фаъолияти президенти худ ризоият изҳор кардаанд. «Дар Украина 86 дарсади пурсидашудагон изҳор доштанд, ки аз фаъолияти сарвари давлат қаноатманд нестанд», – гуфта мешавад дар таҳқиқот.




           

Дар гузориши марказ гуфта мешавад, 34 дарсади аҳолии Тоҷикистон вазъи моддии оилаи худро хеле хуб ё хуб арзёбӣ кардаанд. Ин нишондиҳанда дар Қирғизистон аз ҳама баланд (51 дарсад) буда, дар Русия ҳеҷ пурсидашудае вазъи моддии оилаи худро хеле хуб арзёбӣ накардааст ва танҳо аз 10 нафар як нафар онро «хуб» гуфтааст.




           

Бино ба маълумоти марказ, аз бекорӣ бештар тоҷикону ӯзбакон (58 дарсадӣ) ва латвиягиҳо (53 дарсад) изҳори нигаронӣ кардаанд. Ба сатҳи таваррум бештар русиягиҳову белорусҳо ва қазоқҳо (47-48 дарсад) таваҷҷӯҳ зоҳир сохта, аз афзоиши мизони ҷинояткорӣ аз ҳама бештар русиягиҳо (23 дарсади пурсидашудагон) дар ташвишанд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон Ҷоми Осиёро бо пирӯзӣ оғоз кард

Ва ҷиҳати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигар қадами аввал гузошт.