Душанбе. 22-юми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон ҳудуди 6 млрд. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол карда шуд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 10 дарсад камтар аст.
Дирӯз зимни як нишасти хабарӣ муовини вазири энергетика ва саноати ҶТ Маҳмадшариф Ҳақдодов изҳор дошт, ки сабаби коҳиши истеҳсоли нерӯи барқ дар дохили ҷумҳурӣ – ҳарчи бештар захира кардани
об дар обанбори Норак мебошад.
Муовини вазир гуфт, бо мақсади таъмини ҷумҳурӣ бо нерӯи барқ ШСХК «Барқи тоҷик» дар зарфи шаш моҳи соли ҷорӣ аз хориҷи кишвар ва ҶСК «Нерӯгоҳи Сангтӯда-1» дар ҳаҷми ҳудуди 1,8 млрд. кВт/соат нерӯи барқ харидорӣ кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 65,98 млн. кВт/соат бештар аст.
«Дар ин давра аз Ӯзбекистон – 255,5, Туркманистон – 667,76, Қазоқистон – 88,34 ва Қирғизистон – 7,8 млн. кВт/соат нерӯи барқ ба ҷумҳурӣ ворид гардида, аз ҶСК «Нерӯгоҳи Сангтӯда-1» дар ҳаҷми 773,07 млн. кВт/саот нерӯи барқ харидорӣ гардид», – афзуд Ҳақдодов.



