Душанбе. 22-юми июл. ОИ «Азия-Плюс» – То 1-уми октябри соли ҷорӣ Тоҷикистон пурра қарзи худро барои истифодаи газ дар ҳаҷми 16 млн.
$
ба Ӯзбакистон пардохт карданист.
Дирӯз зимни як нишасти хабарӣ раиси ҶСК «Тоҷиктрансгаз» Саидаҳмад Шарофиддинов изҳор дошт, ки реҷаи давра ба давра пардохт намудани қарз аз ҷониби мутахассисони корхона омода гардида, онро ҳукумат тасдиқ кардааст. «Қарзи мазкур аз моҳи январи соли ҷорӣ бар асари аз ҷониби истифодабарандагон, пеш аз ҳама ШСХК «Барқи тоҷик», корхонаи «Тоҷиксемент», «Сомонсуғдгаз» ва ширкати «Талко» пардохт нашудани ҳаққи истифодаи газ ҷамъ шуд», – гуфт ӯ.
Ба гуфтаи С.Шарофиддинов, феълан аз кишвари ҳамсоя ба ҷумҳурӣ дар як соат то 35 ҳазор метри мукааб газ интиқол дода мешавад, вале ба иллати бӯҳрони молӣ ва афзудани арзиши газ дар аввали соли равон корхонаҳо ҳаҷми истифодаи онро коҳиш додаанд. «Аз 530 млн. метри мукааб гази тибқи нақша пешбинишуда дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз Ӯзбекистон ба ҷумҳурӣ 133 млн. метри мукааб газ интиқол дода шуд», – афзуд раиси ҶСК «тоҷиктрансгаз».


