Сарвари КВД «Мубориза бар зидди малах»: Соли равон ҳуҷуми малах ба бахши кишоварзии ҷумҳурӣ хисорот ворид насохт

            Душанбе. 20-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз зимни мулоқот бо рӯзноманигорон сарвари КВД «Мубориза бар зидди малах» Қиёмиддин Ғаниев изҳор дошт, ки ҳашароти зараровари малах дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ пурра нобуд карда шуда, он то ҳанӯз дар чанде аз ноҳияҳои вилояти Суғд мавҷуд аст. «Соли равон майдони фарогири ҳуҷуми малах дар […]

Мавҷуда Ҳасанова



           

Душанбе. 20-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз зимни мулоқот бо рӯзноманигорон сарвари КВД «Мубориза бар зидди малах» Қиёмиддин Ғаниев изҳор дошт, ки ҳашароти зараровари малах дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ пурра нобуд карда шуда, он то ҳанӯз дар чанде аз ноҳияҳои вилояти Суғд мавҷуд аст. «Соли равон майдони фарогири ҳуҷуми малах дар ҷумҳурӣ 99 ҳазору 735 гектарро ташкил дод ва ин дар ҳолест, ки соли гузашта он ба зиёда аз 114 ҳазор гектар баробар буд», – гуфт ӯ.





           

Ба гуфтаи Ғаниев, соли гузашта баҳри мубориза бо ҳамлаи малах ҳудуди 35 ҳазор ва имсол 23 ҳазор литр заҳрҳои кимиёвӣ истифода гардида, бо назардошти тавсияҳои олимони соҳа дар давраи ҳанӯз пайдошавии онҳо чораҳои муассири мубориза андешида шуданд, ки самараи хуб додааст. «Аз ин рӯ, соли равон ҳуҷуми малахҳо ба бахши кишоварзии ҷумҳурӣ хисороти назаррасе ворид насохтааст», – изҳор дошт номбурда.




           

Дар мавриди вазъ дар соли оянда Ғаниев гуфт, макони зиёди тухмгузории ин ҳашарот саривақт мавриди коркарди кимиёвӣ қарор дода шудаааст. «Соли оянда ният дорем, ки ҷараёни зуҳури малах дар ҷумҳуриро боз то 30 дарсад коҳиш диҳем», – афзуд вай.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон Ҷоми Осиёро бо пирӯзӣ оғоз кард

Ва ҷиҳати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигар қадами аввал гузошт.