Раёсату идораҳои маорифи ҷумҳурӣ ба маблағи беш аз 1 млн. 880 ҳазор сомонӣ бо таҷҳизоти гуногун таъмин карда шуданд

Date:




           

Душанбе. 20-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳафтаи гузашта ҳамаи раёсат ва шӯъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ба маблағи беш аз 1 млн. 880 ҳазор сомонӣ бо таҷҳизоти гуногун таъмин карда шуданд.







           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи Вазорати маорифи ҶТ Ноилшо Нуралиев иттилоъ дод, таҷҳизоти мазкур аз ҳисоби маблағҳои Бонки ҷаҳонӣ баҳри беҳбуди низоми идораи иттилоотӣ дар соҳаи маориф аз ҷониби Фонди каталикӣ тақдим шудааст. «Таҷҳизот аз 2 сервери мутамарказ бо фарогирии ҳамаи минтақаҳо, 112 компютер, 66 принтер, 85 сканер, 215 дастгоҳи танзимкунандаи барқ, 42 генератор, 63 факс, 17 техникаи нусхабардор, 410 харитаи хотира ва барномаҳои гуногуни компютерӣ иборат аст», – гуфт ӯ.






           

Ба гуфтаи Нуралиев, ҳадафи аслии бунёди низоми мазкур – таъмини раёсату идораҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо технологияи тоза ва саривақт огаҳӣ ёфтан аз фаъолияти шӯъбаҳои маорифи саросари ҷумҳурӣ аст.



ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...