Раёсату идораҳои маорифи ҷумҳурӣ ба маблағи беш аз 1 млн. 880 ҳазор сомонӣ бо таҷҳизоти гуногун таъмин карда шуданд

            Душанбе. 20-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳафтаи гузашта ҳамаи раёсат ва шӯъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ба маблағи беш аз 1 млн. 880 ҳазор сомонӣ бо таҷҳизоти гуногун таъмин карда шуданд.             Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи Вазорати маорифи ҶТ Ноилшо Нуралиев иттилоъ дод, таҷҳизоти мазкур аз ҳисоби маблағҳои Бонки ҷаҳонӣ баҳри […]




           

Душанбе. 20-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳафтаи гузашта ҳамаи раёсат ва шӯъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ба маблағи беш аз 1 млн. 880 ҳазор сомонӣ бо таҷҳизоти гуногун таъмин карда шуданд.







           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи Вазорати маорифи ҶТ Ноилшо Нуралиев иттилоъ дод, таҷҳизоти мазкур аз ҳисоби маблағҳои Бонки ҷаҳонӣ баҳри беҳбуди низоми идораи иттилоотӣ дар соҳаи маориф аз ҷониби Фонди каталикӣ тақдим шудааст. «Таҷҳизот аз 2 сервери мутамарказ бо фарогирии ҳамаи минтақаҳо, 112 компютер, 66 принтер, 85 сканер, 215 дастгоҳи танзимкунандаи барқ, 42 генератор, 63 факс, 17 техникаи нусхабардор, 410 харитаи хотира ва барномаҳои гуногуни компютерӣ иборат аст», – гуфт ӯ.






           

Ба гуфтаи Нуралиев, ҳадафи аслии бунёди низоми мазкур – таъмини раёсату идораҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо технологияи тоза ва саривақт огаҳӣ ёфтан аз фаъолияти шӯъбаҳои маорифи саросари ҷумҳурӣ аст.



Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.