ҶСК «Тоҷиктелеком» сафҳои худро аз мутахассисони ғайрикасбӣ тоза мекунад

            Душанбе. 18-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – ҶСК «Тоҷиктелеком» сафҳои худро аз мутахассисони ғайриҳирфаӣ тоза мекунад.             Зимни як нишасти матбуотӣ раиси шӯрои мудирони ҶСК «Тоҷиктелеком», муовини вазири нақлиёт ва коммуникатсияи ҷумҳурӣ Бег Зуҳуров изҳор дошт, ки айни замон дар ҷамъият ҳудуди 4 ҳазор нафар машғули коранд, ки 60 дарсади онҳо мутахассиони ғайриҳирфаӣ – филологҳо, […]

Мавҷуда Ҳасанова



           

Душанбе. 18-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – ҶСК «Тоҷиктелеком» сафҳои худро аз мутахассисони ғайриҳирфаӣ тоза мекунад.





           

Зимни як нишасти матбуотӣ раиси шӯрои мудирони ҶСК «Тоҷиктелеком», муовини вазири нақлиёт ва коммуникатсияи ҷумҳурӣ Бег Зуҳуров изҳор дошт, ки айни замон дар ҷамъият ҳудуди 4 ҳазор нафар машғули коранд, ки 60 дарсади онҳо мутахассиони ғайриҳирфаӣ – филологҳо, журналистон, иқтисодчиён, ҳуқуқшиносон ва ғайра мебошанд. «Барои фаъолияти ҶСК «Тоҷиктелеком» 1 ҳазор мутахассис басанда аст», – гуфт ӯ.




           

Номбурда гуфт, «корхона кӯшиш ба харҷ хоҳад дод, ки шахсони ихтисоршуда бекор намонанд, вале барои ҷамъият мутахассисони баландихтисос заруранд ва мо дигар «аз рӯи занги телфон» шахсонро ба кор қабул карданӣ нестем».




           

Дар нищшасти хабарӣ ҳамчунин зикр гардид, ки вазорат ният дорад, ҳаҷми маоши коргарони ҶСК «Тоҷиктелеком»-ро афзуда, онро то 400 $ ё баландтар аз он расонад.




           

Ба гуфтаи Зуҳуров, мақомоти раҳбарии корхона хароҷоти нақлиёт ва дигар хароҷоти роҳбарони шӯъбаҳо дар ноҳияҳоро, ки дар як сол 10 ҳазор доллари ИМА-ро ташшил медоданд, коҳиш дода, онҳоро бо велосипедҳоои арзишашон 100 $ таъмин кардааст.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон Ҷоми Осиёро бо пирӯзӣ оғоз кард

Ва ҷиҳати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигар қадами аввал гузошт.