Душанбе. 18-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз дар ҷаласаи шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон вазъи мавҷуда дар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, Афғонистон ва Покистон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар фарҷоми ҷаласа изҳорот қабул гардида, дар он гуфта мешавад, ба ҷуз таъсири бӯҳрони молӣ, ин кишварҳо бо мушкилоти дигаре мувоҷеҳ мегарданд, ки он ба рушди минтақа таъсир манфӣ мегузорад. «Минтақаи мазкур ҳамеша барои кишварҳои абарқудрат аҳамияти стратегӣ дошта, мавриди таваҷҷӯҳи гурӯҳҳои ғайриқонунии фаромиллӣ аст, ки ба суботи минтақа манфиатдор нестанд ва аз ин рӯ, онҳо бо роҳу воситаҳои гуногун кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки вазъи минтақаро ноором созанд», – гуфта мешавад дар изҳорот.
Дар идомаи изҳорот чунин баён мегардад: «Тоҷикистон дар маркази минтақа воқеъ буда, барои чанде аз кишварҳо ва гурӯҳҳо аввалин «нишони нақшаҳои геополитикӣ» аст. Дар гузаштаи начандон дур дар Тоҷикистон маҳз бо таъсири омили берунӣ даргириҳо ба вуқӯъ пайваста, ахиран сулҳу субот барқарор шуд, вале на ҳама инро қабул доранд ва гурӯҳҳои ҷудогона вазъро ноором карданианд. Сарфи назар аз мақоми иҷтимоӣ, бархе ба хотири мақсадҳои тамаъҷӯёнаи худ, ки онро аз манфиатҳои милливу давлатӣ боло мегузоранд, ба густариши чунин равандҳои номатлуб мусоидат менамоянд».
Ҳамчунин дар изҳорот гуфта мешавад, ҲНИТ ба чунин рӯйдодҳо бетараф буда наметавонад ва гузашта аз ин, чунин мешуморад, ки таъмини субот дар минтақа натанҳо вазифаи истисноии ҳокимияти расмӣ, балки вазифаи дигар қишрҳои сиёсиву иҷтимоии ҷомеа аст. Намояндагони ҲНИТ мӯътақиданд, ки ин иқдом бояд танҳо бо роҳи қонунӣ сурат гирад ё ба ибораи дигар «таҷриба гувоҳи он аст, ки истифодаи нерӯи низомӣ ҳатто дар чаҳорчӯбаи қонун дар шароити Тоҷикистон пурсамар нахоҳад буд ва мо дар ҳалли ин масъала мебояд аз таҷрибаи сулҳофаринии хеш, муколамаву ҳамдигарфаҳмӣ ва гуфтушунид истифода кунем». «Дар марҳилаи кунунӣ эътимод ва эътирофи мутақобила, шаффофият дар муносибот аз ҳама муҳимтар аст», – омадааст дар изҳорот.


