Душанбе. 18-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Бинобар таъсири бӯҳрони молӣ, дар нимсолаи аввал шумори мусофирони қатора ва ҳавопаймоҳо дар Тоҷикистон коҳиш ёфт.
Зимни як нишасти матуботӣ вазири нақлиёт ва коммуникатсияи ҶТ Абдураҳим Ашӯр изҳор дошт, ки дар зарфи шаш моҳи соли ҷорӣ тавассути роҳи оҳан 331,2 ҳазор мусофирон ҳамлу нақл шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 52 ҳазор нафар камтар мебшад. «Шумори мусофирони ҳавопаймоҳо низ дар муқоиса бо соли гузашта ба миқдори 52 ҳазор нафар коҳиш ёфт», – гуфт ӯ.
Дар нишасти матбуотӣ ҳамчунин маълумот дода шуд, ки дар зарфи шаш моҳ тавассути ҳама гуна навъи нақлиёт дар ҷумҳурӣ зиёд аз 9 млн. тонна бор ҳамлу нақл шудааст, ки 6,7 млн. тоннаи он тавассути роҳи оҳан кашонида шудааст.


