Тоҷикистону Ӯзбакистон комиссияи муштараки омӯзиши таъсири партовҳои корхонаҳои саноатӣ ба вазъи экологиро таъсис медиҳанд

Душанбе. 17-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Тоҷикистону Ӯзбакистон комиссияи муштараки омӯзиши таъсири партовҳои корхонаҳои саноатӣ ба вазъи экологии ноҳияҳои наздисарҳадии кишварҳоро таъсис медиҳанд. Ба гуфтаи сардори шӯъбаи назорати истифода ва ҳифзи атмосфераи Кумиати ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати ҶТ Шамс Назаров, айни замон корҳои омодагӣ ба таъсиси комиссия аз ду ҷониб идома дошта, Тоҷикистон аъзои […]


Душанбе. 17-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Тоҷикистону Ӯзбакистон комиссияи муштараки омӯзиши таъсири партовҳои корхонаҳои саноатӣ ба вазъи экологии ноҳияҳои наздисарҳадии кишварҳоро таъсис медиҳанд.




Ба гуфтаи сардори шӯъбаи назорати истифода ва ҳифзи атмосфераи Кумиати ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати ҶТ Шамс Назаров, айни замон корҳои омодагӣ ба таъсиси комиссия аз ду ҷониб идома дошта, Тоҷикистон аъзои комиссияро таъин намуда, рӯйхати онро ҷиҳати баррасӣ ва тасдиқ ба ҳукумат пешниҳод кардааст.



Дар мавриди таъсири партовҳои корхонаи алюминии Тоҷикистон «Талко» ба вазъи экологии ноҳияҳои наздики он, номбурда гуфт, аз ҷониби мутахассисони кумита бо ҳамроҳии намояндагони озмоишгоҳи маркази назорати таҳлилӣ оид ба таъсири партовҳои заҳрноки корхонаи «Талко» мониторинг гузронида шуда, муайян карда шудааст, ки дар маҳаллаҳои аҳолинишнин дар масоҳати


10 километр

аз корхона ҳеҷ таъсироти манфии он ба вазъи экологӣ ба мушоҳида нарасидааст.



Ш.Назаров афзуд, ҳаҷми умумии партовҳои корхонаҳои саноатии Тоҷикистон дар як сол ҳудуди 200 ҳазор тоннаро ташкил медиҳанд ва ин дар ҳолест, ки миқдори партовҳои ҳамасолаи Ӯзбекистон ба 2,5 млн. тонна баробар аст.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.