Нахуствазири ҷумҳурӣ бо ҷараёни иҷрои корҳои сохтмонии иншооти таъиноти иҷтимоиву иқтисодии ВМКБ шинос мешавад

            Хоруғ. 17-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз нахуствазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов бо сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон омад.             Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи раиси вилоят Шотолиб Шоқосимов иттилоъ дод, зимни сафари корӣ О.Оқилов бо ҷараёни иҷрои корҳои сохтмонии иншооти таъиноти иҷтимоиву иқтисодии ВМКБ, ки мӯҳлати анҷоми онҳо ба таҷлили […]



           

Хоруғ. 17-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз нахуствазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов бо сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон омад.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи раиси вилоят Шотолиб Шоқосимов иттилоъ дод, зимни сафари корӣ О.Оқилов бо ҷараёни иҷрои корҳои сохтмонии иншооти таъиноти иҷтимоиву иқтисодии ВМКБ, ки мӯҳлати анҷоми онҳо ба таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ соли оянда дар вилоят пешбинӣ шудааст, шинос мешавад. «Аз ҷумла, нахуствазир бо ҷараёни иҷрои корҳо дар бинои маркази ҷавонон, хобгоҳ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ, гимназияи президентӣ барои кӯдакони лаёқатманд, маркази омӯзишии Бонки миллӣ, таҷдиди бинои театри мусиқиву драмавӣ ва варзишгоҳи марказии Хоруғ аз наздик ошно гардида, ба сохтмони чойхонаи миллӣ ва маркази табобативу солимгардонии ширкати «Талко» дар заминаи осоишгоҳи «Гармчашма»-и ноҳияи Ишкошим ҳусни оғоз бахшид», – гуфт ӯ.




           

Ба гуфтаи Ш.Шоқосимов, худи ҳамин рӯз Оқил Оқилов дар ноҳияи Роштқалъа дар маросими ифтитоҳи Маркази солимӣ ширкат варзида, бо рафти иҷрои корҳо дар иншооти дигари ин ноҳияи шинос хоҳад шуд. «Пагоҳ бо иштироки нахуствазир баргузории маҷлиси фаъолони вилоят пешбинӣ шуда, сипас ӯ аз ноҳияҳои Мурғобу Ванҷ низ боздид хоҳад кард», – афзуд сухангӯи раиси вилоят.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.