Душанбе. 29-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Мақомоти шаҳрдории Душанбе реҷабандии истифодаи маҳдуди барқ дар пойтахтро, ки аз рӯи ночорӣ аз 27-уми январ ширкати «Барқи тоҷик» ҷорӣ сохт, дастгирӣ намуд.
Тавре сухангӯи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, бо ин мақсад қарори мутобиқи раиси шаҳр содир шуд, ки тибқи он интиқоли қувваи барқ ба ҷуз иншооти таъиноти махсус, ба сокинни микрорайону маҳаллаҳо аз соати 23-и шаб то 5-и субҳ қатъ мегардад.
Ба гуфтаи манбаъ, мақомоти шаҳрдории пойтахт аз скоинон даъват ба амал меорад, ки бо дарки масъулият ба чунин вазъ муносибат дошта, аз нерӯи барқ сарфакорона истифода намоянд.


