Дар Шарм-уш-Шайх Эмомалӣ Раҳмон дар маросими тақдими китоби худ «Тоҷикон дар оинаи таърих» суханронӣ кард

Date:




Душанбе. 17-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар шаҳри Шарм-уш-Шайхи Миср президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими муаррифии китоби худ, ки бо забони арабӣ ба чоп расид, иштирок ва суханронӣ намуд.








Тибқи иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Э.Раҳмон ба тарҷумони китоб доктор Абдулваҳҳоб Аллуб, роҳбари нашриёти «Дору-л-фикри-л-арабӣ» ҷаноби Отиф ал-Ҳазарӣ, устодони донишгоҳи Миср, мутахассисони адабиёти тоҷик доктор Ҳамдӣ ва доктор Аҳмад Сомӣ ва ҳамаи ононе, ки барои нашри китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» саҳм гузоштаанд, изҳори ташаккур кард. «Эмомалӣ Раҳмон нашри китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» бо забони арабӣ дар Мисрро рӯйдоди муҳими таърихиву фарҳангӣ дар ҳамкориҳои дуҷонибаи кишварҳо арзёбӣ намуд», – гуфтанд дар хадамоти матбуоти сарвари давлат.




ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...