Директори шӯъбаи «Бонки Эсхата» дар шаҳри Чкаловск шитобкорона қаламрави ҷумҳуриро тарк кард

          Хуҷанд. 16-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Директори шӯъбаи «Бонки Эсхата» дар шаҳри Чкаловск Зулфиқор Азизов шитобкорона қаламрави ҷумҳуриро тарк карда, тавассути ҳавопаймо ба Русия рафт. Дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» чанде аз соҳибкорони дорои нуқтаҳои мубодилаи асъор изҳор доштанд, ки З.Азизов аз онҳо маблағи зиёде қарздор шудааст. Дар шарҳи қазияи мазкур раиси раёсати […]

Бахтиёр Валиев




         

Хуҷанд. 16-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Директори шӯъбаи «Бонки Эсхата» дар шаҳри Чкаловск Зулфиқор Азизов шитобкорона қаламрави ҷумҳуриро тарк карда, тавассути ҳавопаймо ба Русия рафт.





Дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» чанде аз соҳибкорони дорои нуқтаҳои мубодилаи асъор изҳор доштанд, ки З.Азизов аз онҳо маблағи зиёде қарздор шудааст.



Дар шарҳи қазияи мазкур раиси раёсати ҶСК «Бонки Эсхата» Хуршед Носиров ба ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки роҳбари шӯъбаи бонк Зулфиқор Азизов рӯзи 13-уми июл аз кор сабукдӯш шудааст. «Тибқи маълумоти пешакӣ, ӯ бидуни назардошти ҳуҷҷатгузории бонкӣ, бо амалиёти асъорӣ сарукор доштааст ва акнун дар дасти соҳибкорон танҳо баёнотҳои дар варақи оддӣ бо даст навишати ӯ боқӣ мондаанд», – гуфт ӯ.



Ба қавли Х.Носиров, бо ин варақаҳои баёнот соҳибкорон ҳуқуқ надоранд, ки баргардонидани маблағҳои худро талаб намоянд. «Ин муносибати шахсии соҳибкорон ва директори шӯъаби бонк буда, ба худи бонк ҳеҷ дахле надорад ва дар фаъолияти худи шӯъба, тибқи аснод ҳеҷ қонуншикание ба мушоҳида нарасида, маблағҳои саҳмгузорони расмӣ дар ҷояш маҳфуз аст», – афзуд номбурда.





 


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.