М.Кабирӣ: Президентро мебояд мавқеи ниҳоии Кремлро оид ба «масъалаи об» дар Осиёи Марказӣ мушаххас созад

Душанбе. 29-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, намояндаи парлумон Муҳиддин Кабирӣ бар чунин назар аст, ки дар мулоқоти қарибулвуқӯъи сарони кишварҳои Русияву Тоҷикистон дар Маскав сарвари давлати Тоҷикистонро мебояд мавқеи ниҳоии Кремлро оид ба «масъалаи об» дар минтақаи Осиёи Марказӣ мушаххас созад. Ёдовар мешавем, зимни боздиди расмӣ аз Ӯзбекистон президенти Русия […]

Далер Ғуфронов


Душанбе. 29-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, намояндаи парлумон Муҳиддин Кабирӣ бар чунин назар аст, ки дар мулоқоти қарибулвуқӯъи сарони кишварҳои Русияву Тоҷикистон дар Маскав сарвари давлати Тоҷикистонро мебояд мавқеи ниҳоии Кремлро оид ба «масъалаи об» дар минтақаи Осиёи Марказӣ мушаххас созад.




Ёдовар мешавем, зимни боздиди расмӣ аз Ӯзбекистон президенти Русия Д.Медведев бо ишора ба мушкилоти оби минтақа изҳор дошт, ки «иншооти гидроэнергетикӣ бояд бо назардошти манофеъи ҳамаи кишварҳои минтақа бунёд гарданд ва агар ба чунин тасмим ҳама ҷонибҳо мувофиқ набошанд, Русия аз ширкат дар сохтмони чунин иншоот худдорӣ мекунад».



Дар ҳамин ҳол, дар ҷараёни боздиди расмӣ аз Тоҷикистон моҳи августи соли гузашта Д.Медведев изҳор дошта буд, ки Русия ният дорад, дар бунёди иншооти бузургтарини гидроэнергетикии минтақа – нерӯгоҳи Роғун иштирок намояд ва чунин нияти Русияро чанде баъдтар роҳбари маъмурияти президенти Русия Сергей Наришкин, ки ба Душанбе омада буд, низ тасдиқ кард, аммо он замон дар бораи аз ҷониби Тоҷикистон бо кишварҳои минтақа мувофиқасозии ин лоиҳа сухан намерафт.



Ба ақидаи М.Кабирӣ, ҳама мушкилот дар он аст, ки Русия ва Ӯзбекистон чун пештара Тоҷикистонро «бародари хурдӣ» мешуморанд ва ба чунин муносибат худи мо онҳоро водор сохтаем. «Бо назардошти рӯйдодҳои аввали солҳои 90-уми асри гузашта, онҳо то ҳанӯз бар ин назаранд, ки ҳукуматдорони имрӯзаи Тоҷикистонро онҳо сари мансаб овардаанд, – мегӯяд ӯ. – Аз ин рӯ, бидуни рӯгардонӣ аз Русия, Тоҷикистонро зарур аст, бо дигар кишварҳо низ муносиботи шарикии стратегиро роҳандозӣ намояд».



Раиси ҲНИТ таъкид сохт, ки Тоҷикистон бояд ошкоро аз манофеъи миллии худ ҳарф занад ва пас аз он шарикони стратегии боъэтимод пайдо хоҳад кард. «Агар мо қаблан ҷасорат зоҳир мекардем, сохтмони нерӯгоҳи Роғун кайҳо оғоз мегардид ва ман фикр мекунам, ки Тоҷикистон дар сурати ҷалби ҳамсояҳои


ҷанубии 

 худ барои идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун ё мустақилона бунёд кардани он аз тамоми низоъҳо барканор хоҳад монд», – афзуд намояндаи парлумон.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.