Ҳайати Сегонаи Иттиҳоди Аврупо аз Вазорати умури хориҷии ҶТ боздид кард

            Душанбе. 14-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – 13 июли соли 2009 муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Юлдошев ҳайати Тройкаи Иттиҳоди Аврупоро ба ҳузур пазируфт. Ҳайат аз Ян Ниберг, мудири кулли Идораи Вазорати корҳои хориҷии Шветсия ба сифати раёсати кунунии Иттиҳоди Аврупо, Пйер Морел, Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ ва Томас […]

Аваз Юлдошев



           

Душанбе. 14-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – 13 июли соли 2009 муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Юлдошев ҳайати Тройкаи Иттиҳоди Аврупоро ба ҳузур пазируфт.




Ҳайат аз Ян Ниберг, мудири кулли Идораи Вазорати корҳои хориҷии Шветсия ба сифати раёсати кунунии Иттиҳоди Аврупо, Пйер Морел, Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ ва Томас Фреллезен, муовини сардори Раёсати Комиссияи Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ иборат буд.



Дар мулоқот авлавиятҳои Раёсати Иттиҳоди Аврупо дар муносибатҳои он бо Тоҷикистон, масъалаҳои рафъи таъсири бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодию молиявӣ, таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ, вазъият дар Афғонистон ва дигар кишварҳои ҳамҷавор, муҳокима шуданд.



Зимни мулоқот нақши фаъоли Тоҷикистон дар раванди татбиқи Стратегияи Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ, таҳкими субот дар минтақа ва ба эътидол овардани вазъ дар Афғонистон таъкид гардид.



Дар мулоқот инчунин масъалаи то охири соли ҷорӣ баргузор намудани чанд чорабинии муҳим бо иштироки намояндагони воломақоми Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ мавриди муҳокима қарор гирифт. Дар инт бора аз Вазорати умури хориҷии ҶТ иттилоъ доданд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.