Хушкмеваи Шӯрообод ба Қазоқистон содирот мегардад

            Кӯлоб. 28-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Дар бораи соли ҷорӣ ба Қазоқистон содирот намудани 300 тонна хушкмева аз Ноҳияи Шӯрообод қарордод баста шуд.             Тавре раиси ноҳия Иброҳим Азизов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, акнун, ки қарордоди мушаххас ба имзо расидааст, он ба иҷрои бечунучарои он мусоидат хоҳад кард. «Соли гузашта мо бори нахуст […]

Турко Дикаев



           

Кӯлоб. 28-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Дар бораи соли ҷорӣ ба Қазоқистон содирот намудани 300 тонна хушкмева аз Ноҳияи Шӯрообод қарордод баста шуд.





           

Тавре раиси ноҳия Иброҳим Азизов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, акнун, ки қарордоди мушаххас ба имзо расидааст, он ба иҷрои бечунучарои он мусоидат хоҳад кард. «Соли гузашта мо бори нахуст кӯшиш кардем хушкмеваи ноҳияро ба Қазоқистон содирот намоем, вале чун қарордоди мушаххас набуд, аз 300 тоннаи пешбинишуда ҳамагӣ 46 дарсадашро фурӯхта тавонистему халос», – гуфт ӯ.




           

Ба гуфтаи раиси ноҳия, иҷрои қарордоди мазкур бо ҷониби Қазоқистон ба дӯши шӯъбаи «Тоҷикматлубот»-и ноҳия вогузор гаштааст.




           

И.Азизов афзуд, заминаи густариши номгӯи маҳсулоти содиротӣ дар ноҳия зиёд аст. «Соли гузашта дар ноҳия 7164 тонна меваи гуногун, 713 тонна ҳосили ангур ҷамъоварӣ гардида, боғҳову ангурзорҳои нав ташкил шуданд», – изҳор дошт ӯ.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.