Шурӯъ аз соли равон хоҳишмандон мувофиқи навбат ба сафари ҳаҷ мераванд

            Душанбе. 8-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ҷараёни ҷаласаи ситоди махсуси ҷумҳуриявӣ бо иштироки намояндагони мақомоти дахлдор таҳти роҳбарии муовини сарвазири ҷумҳурӣ Руқия Қурбонова масъалаи омодагии ташкили сафари ҳаҷи зоирини Тоҷикистон дар соли равон мавриди баррасӣ қарор гирифт.             Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Сарраёсати умури дини назди Вазорати фарҳанги ҶТ Идибек […]

Далер Ғуфронов



           

Душанбе. 8-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ҷараёни ҷаласаи ситоди махсуси ҷумҳуриявӣ бо иштироки намояндагони мақомоти дахлдор таҳти роҳбарии муовини сарвазири ҷумҳурӣ Руқия Қурбонова масъалаи омодагии ташкили сафари ҳаҷи зоирини Тоҷикистон дар соли равон мавриди баррасӣ қарор гирифт.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Сарраёсати умури дини назди Вазорати фарҳанги ҶТ Идибек Зиёев иттилоъ дод, аз моҳи август дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар маъракаи расмии бақайдгирии хоҳишмандони зиёрати хонаи Худо оғоз мегардад. «Бӯҳрони молӣ ба зоирини тоҷик таъсире нагузоштааст, зеро дар рӯйхати пешакии мо шумори зоирин то 10 ҳазор мерасад, ҳарчанд чун соли гузашта барои Тоҷикистон 5 ҳазор квота ҷудо карда шудааст», – гуфт ӯ.




           

Номбурда гуфт, соли ҷорӣ маблағи хароҷоти сафари ҳаҷ аз 2950 то 3300 $ зиёд карда шуд. «Шурӯъ аз соли равон барои хоҳишмандони зиёрати хонаи Худо низоми тозаи навбат ҷорӣ гардида, хоҳишмандон қаблан ба навбат гирифта мешаванд, зеро сол то сол шумори зоирин меафзояд», – афзуд И.Зиёев.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.