Омӯзгорони тарбияи ҷисмонии макотиби таҳсилоти умумии Тоҷикистон бори нахуст соҳиби китоби дарсӣ мешаванд

            Душанбе. 7-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Омӯзгорони тарбияи ҷисмонии макотиби таҳсилоти умумии Тоҷикистон бори нахуст соҳиби китоби дарсӣ мешаванд.             Чанде қабл зимни як нишасти хабарӣ вазири маорифи ҶТ Абдуҷаббор Раҳмонов изҳор дошт, ки китоби дарсии тарбияи ҷисмонӣ барои таълим дар ҳамаи синфҳо пешбинӣ гардида, ояндаи наздик барии синфҳои 6-11 китоби дарсии омӯзиши забони […]

Мавҷуда Ҳасанова



           

Душанбе. 7-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Омӯзгорони тарбияи ҷисмонии макотиби таҳсилоти умумии Тоҷикистон бори нахуст соҳиби китоби дарсӣ мешаванд.





           

Чанде қабл зимни як нишасти хабарӣ вазири маорифи ҶТ Абдуҷаббор Раҳмонов изҳор дошт, ки китоби дарсии тарбияи ҷисмонӣ барои таълим дар ҳамаи синфҳо пешбинӣ гардида, ояндаи наздик барии синфҳои 6-11 китоби дарсии омӯзиши забони арабӣ ва китобҳои дарсии таълими забонҳои фарносавиву олмонӣ барои макотиби таҳсилоти умумӣ низ ба нашр мерасанд.




           

А.Раҳмонов гуфт, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба миқдори умумии 906 ҳазору 858 нусха 18 номгӯи китобҳои дарсӣ ба маблағи умумии ҳудуди 6 млн. сомонӣ ба чоп расидаанд. «Ғайр аз ин, дар ин давра ба маблағи беш аз 422 ҳазор сомонӣ 14 ҳазору 285 нусха китобҳои дарсӣ, дастурҳо ва нақшаҳои таълимӣ интишор гардида, ба тамоми муассисаҳои таълимӣ пешкаш шуданд», – афзуд вазир.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.