М.Барбут: Дар муддати 18 соли фаъолият Хазинаи глобалии экологӣ ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 16 млн. $ кӯмак кард

            Душанбе. 6-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз пас аз мулоқот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбари Хазинаи глобалии экологӣ Моник Барбут изҳор дошт, ки дар мудатти 18 соли фаъолият хазинаи мазкур ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 16 млн. $ ба сифати ҷудо кардани бурсҳо кӯмак карда, инчунин баҳри ҷалби кӯмакҳо ба Тоҷикистон ба маблағи 47 […]

Аваз Юлдошев



           

Душанбе. 6-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз пас аз мулоқот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбари Хазинаи глобалии экологӣ Моник Барбут изҳор дошт, ки дар мудатти 18 соли фаъолият хазинаи мазкур ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 16 млн. $ ба сифати ҷудо кардани бурсҳо кӯмак карда, инчунин баҳри ҷалби кӯмакҳо ба Тоҷикистон ба маблағи 47 млн. $ аз кишварҳои мададрасон мусоидат кардааст.





           

Ба гуфтаи ӯ, дар мулоқот бо сарвари давлати Тоҷикистон атрофи масоили марбут ба гармшавии сартосарии сайёра, чораҳои пешгирии обшавии пиряхҳои ҷумҳурӣ ва нест кардани партовҳои саноатӣ, ки аз замони Иттиҳоди Шӯравӣ дар қаламрави кишвар боқӣ

 

мондаанд, гуфтушуниди судманд сурат гирифт. «Тайи 3 соли ахир Хазина дар қаламрави Тоҷикистон панҷ лоиҳаи вобаста ба ҳалли мушкилоти экологиро амалӣ месозад», – гуфт ӯ.




           

М.Барбут афзуд, Хазинаи глобалии экологӣ барои пешгирии такрор нашудани офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон, ки соли равон ҷумҳурӣ ба онҳо мувоҷеҳ гардид, низ кӯмак хоҳад кард.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.