Дар шаҳри Душанбе масоили коҳиши хатароти заминларзаҳои эҳтимолӣ дар минтақа баррасӣ мешаванд

Душанбе. 6-уми июл – Зилзилашиносони Тоҷикистон ва ҳамкорони онҳо аз Осиёи Марказӣ дар рӯзҳои 9-11 июли соли равон дар як конфронси минтақаӣ дар шаҳри Душанбе масоили коҳиши хатароти заминларзаҳои эҳтимолӣ дар минтақаро баррасӣ хоҳанд кард. Осиёи Марказӣ яке аз манотиқи зилзилахезтарини ҷаҳон ба ҳисоб меравад ва аз ин хотир дар нишаст, риояти меъёрҳои шаҳрсозӣ, зербунёдҳо […]

root


Душанбе. 6-уми июл – Зилзилашиносони Тоҷикистон ва ҳамкорони онҳо аз Осиёи Марказӣ дар рӯзҳои 9-11 июли соли равон дар як конфронси минтақаӣ дар шаҳри Душанбе масоили коҳиши хатароти заминларзаҳои эҳтимолӣ дар минтақаро баррасӣ хоҳанд кард.




Осиёи Марказӣ яке аз манотиқи зилзилахезтарини ҷаҳон ба ҳисоб меравад ва аз ин хотир дар нишаст, риояти меъёрҳои шаҳрсозӣ, зербунёдҳо ва рафтор зимни заминларзаҳои эҳтимолӣ ба хотири кам кардани қурбониву хисороти он таҳлилу баррасӣ мешавад.



Дар конфронси минтақавӣ, ки ба 60-умин солгарди заминларзаи мудҳиши Ҳоит дар Тоҷикистон бахшида мешавад ҳамчунин олимони кишварҳои Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ ширкат меварзанд.



Шаст соли пеш дар рӯзи 10 уми июли соли 1949 заминларзаи тақрибан 8 дараҷаӣ дар Ҳоит шарқи Тоҷикистон даҳҳо ҳазор нафарро кушта ва ё зери хок беномунишон кард. Дар ин бора бахши тоҷикии сомонаи радиои Озодӣ бо истинод ба иттилои намояндагии СММ дар Тоҷикистон хабар медиҳад.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.