А.Шеърдӯст: Намоишгоҳи илмиву маърифатии ҶИЭ ва ҶТ ба густариш ва таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба мусоидат мекунад

            Душанбе. 6-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳи илмиву маърифатии Тоҷикистону Эрон сафири кабири Эрон дар Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст изҳор дошт, ки ҳамкории дуҷонибаи кишварҳои дорои фарҳангу анъанаҳои ягона – Тоҷикистону Эрон бояд барои дигар кишварҳо ҳамчун намунаи рушди муносибатҳо хизмат намояд.             Ба гуфтаи сафир, дастовардҳои Эрон дар соҳаи илму […]

Мавҷуда Ҳасанова



           

Душанбе. 6-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳи илмиву маърифатии Тоҷикистону Эрон сафири кабири Эрон дар Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст изҳор дошт, ки ҳамкории дуҷонибаи кишварҳои дорои фарҳангу анъанаҳои ягона – Тоҷикистону Эрон бояд барои дигар кишварҳо ҳамчун намунаи рушди муносибатҳо хизмат намояд.





           

Ба гуфтаи сафир, дастовардҳои Эрон дар соҳаи илму маориф, ки имрӯз ба маърази тамошо гузошта шудаанд, бояд ба рушду тавсеъаи минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба мусоидат намоянд.




           

Дар навбати худ муовини нахуствазири ҶТ Руқия Қурбонова дар сухани ифтитоҳии худ зикр кард, ки ҳамарӯза муносиботи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Эрон, аз ҷумла, миёни макотиби олии кишвар рушду тавсеъаи бештаре меёбад. «Дар чаҳорчӯбаи созишномаҳои дуҷонибаи баимзорасида, айни замон дар макотиби олии Эрон 630 донишҷӯи тоҷик ва дар макотиби олии Тоҷикистон беш аз 950 нафар донишҷӯёни эронӣ ба таҳсили илм машғуланд», – гуфт ӯ ва афзуд, ки боиси ифтихор аст, ки чунин намоишгоҳи пуршукӯҳи илмиву маърифатӣ бо дастгирии президенти кишвар доир мегардад.




           

Дар намоишгоҳ дастовардҳои илмии зиёда аз 40 маркази илмӣ, донишкада ва донишгоҳҳои Эрон, пажӯҳишгоҳҳо ва муассисаҳои илмии ин кишвар ва ду қароргоҳи техникии бузургтарини Эрон – Исфаҳон ва Гелон ба тамошобинон пешкаш шудаанд.




           

Намоишгоҳи мазкур дар Кохи Ваҳдати шаҳри Душанбе то 9-уми июл идома меёбад.




 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.