Дар вилояти Хатлон Маркази дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ ба фаъолият оғоз кард

            Қӯрғонтеппа. 6-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар вилояти Хатлон созмони ҷамъиятии «Маркази дастгирӣ ва ва рушди соҳибкорӣ» ба фаъолият шурӯъ кард.             Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сардори раёсати идораи амволи давлатӣ ва дастгирии соҳибкорӣ Файзулло Қудратов иттилоъ дод, созмони мазкур дар асоси пешниҳоди соҳибкорон бо мусоидати раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Афзалов созмон […]

Сайраҳмон Назриев



           

Қӯрғонтеппа. 6-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар вилояти Хатлон созмони ҷамъиятии «Маркази дастгирӣ ва ва рушди соҳибкорӣ» ба фаъолият шурӯъ кард.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сардори раёсати идораи амволи давлатӣ ва дастгирии соҳибкорӣ Файзулло Қудратов иттилоъ дод, созмони мазкур дар асоси пешниҳоди соҳибкорон бо мусоидати раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Афзалов созмон дода шуда, маҷлиси таъсисотии марказ рӯзи 4-уми июл баргузор шудааст ва дар он соҳибкори маҳаллӣ Давлат Нозилов ба ҳайси раиси марказ интихоб гардидааст. «Зимни суханронӣ дар маҷлис Ғ.Афзалов изҳор дошт, ки марказ бояд ба таҳкурсии пуштибонӣ аз соҳибкорони вилоят табдил ёбад ва ба соҳибкорон дар ҳалли мушкилоти ҷорӣ дасти ё дароз намуда, манфиатҳои онҳоро ҳифз созад», – гуфт ӯ.




           

Дар ҳамин ҳол, раиси вилоят аз соҳибкорон даъват ба амал овардааст, ки бештар ба истеҳсоли молу маҳсулот машғул шаванд, «на ба харидуфурӯши маҳсулоти тайёри истеҳсоли хориҷӣ». «Раиси вилоят ба соҳибкорон ваъда дод, ки дар ҳалли чанде аз мушкилоташон расидагӣ хоҳад кард», – афзуд Қувватов.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.