Имрӯз дар Душанбе намоишгоҳи байнулмилалии дастовардҳои илмии макотиби олии Эрон ва Тоҷикистон ба кор шурӯъ мекунад

            Душанбе. 6-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Душанбе намоишгоҳи байнулмилалии дастовардҳои илмии макотиби олии Эрон ва Тоҷикистон ба кор шурӯъ мекунад. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Палатаи савдо ва саноати ҶТ иттилоъ доданд, намоишгоҳ бо мақсади рушди ҳамкории мутақобилаи судманд дар соҳаи маориф, табодули таҷриба дар бахши дастовардҳои илмии ҷадид, шиносоии […]

Мавҷуда Ҳасанова



           

Душанбе. 6-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Душанбе намоишгоҳи байнулмилалии дастовардҳои илмии макотиби олии Эрон ва Тоҷикистон ба кор шурӯъ мекунад.




Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Палатаи савдо ва саноати ҶТ иттилоъ доданд, намоишгоҳ бо мақсади рушди ҳамкории мутақобилаи судманд дар соҳаи маориф, табодули таҷриба дар бахши дастовардҳои илмии ҷадид, шиносоии наздик бо ихтирооти навин дар самтҳои гуногун ва иштироки тарафайн дар татбиқи лоиҳаҳои илмии муштарак созмон дода мешавад.



Бино ба иттилои манбаъ, аз ҷониби Эрон дар намоишгоҳ намояндагони зиёда аз 35 мактаби олӣ ва 5 маркази табъу нашри ин кишвар иштирок мекунанд. «Интизор меравад, ки дар фарҷоми намоишгоҳ Ёддошти ҳамкорӣ дар соҳаи маориф байни кишварҳо ба имзо мерасад», – гуфтанд дар ПСС ҶТ.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.