Бар асари таркиши мина дар марзи Ӯзбекистону Тоҷикистон боз як шаҳрванди кишвар ба ҳалокат расид

            Душанбе. 4-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Бар асари таркиши мина дар марзи Ӯзбекистону Тоҷикистон боз як шаҳрванди кишвар ба ҳалокат расид.             Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ҳодиса шоми рӯзи 2-юми июл дар наздикии кӯҳи Муллосойи ҷамоати Фароби ноҳияи Панҷакент рух додааст.             Бино ба иттилои […]

Наргис Ҳамробоева



           

Душанбе. 4-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Бар асари таркиши мина дар марзи Ӯзбекистону Тоҷикистон боз як шаҳрванди кишвар ба ҳалокат расид.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ҳодиса шоми рӯзи 2-юми июл дар наздикии кӯҳи Муллосойи ҷамоати Фароби ноҳияи Панҷакент рух додааст.




           

Бино ба иттилои манбаъ, сокини маҳаллӣ – Мӯҳсин Мирзоеви 33-сола ҳангоми чаронидани чорво ба мина бархӯрда, аз таркиши он ба ҳалокат мерасад.




           

Қобили зикр аст, ки дар қаламрави Тоҷикистон минаҳо солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар шарқи кишвар ва дар марз бо Ӯзбекистон гузошта шуда буданд. Ҷониби Ӯзбекистон мингузориро дар сарҳад ҳамчун пешгирии воридшавии ҷанговарони тоҷик ба қаламрави кишвараш маънидод карда буд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.