Намояндагони мардумӣ аз Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ба мулоқот бо сокинони водии Зарафшон, Рашт ва ВМКБ омодагӣ мегиранд

            Душанбе. 3-юми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар давраи таътили тобистонаи парлумонӣ намояндагони мардумӣ аз Ҳизби коммунисти Тоҷикистон бо интихобкунандагони худ дар водии Зарафшон, Рашт ва ВМКБ вохӯриҳо доир месозанд.             Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» раиси ҲКТ, намояндаи мардумӣ дар парлумони ҷумҳурӣ Шодӣ Шабдолов иттилоъ дод, «мардум ба намояндагони мардумӣ дар парлумон суолоти […]

Аваз Юлдошев



           

Душанбе. 3-юми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар давраи таътили тобистонаи парлумонӣ намояндагони мардумӣ аз Ҳизби коммунисти Тоҷикистон бо интихобкунандагони худ дар водии Зарафшон, Рашт ва ВМКБ вохӯриҳо доир месозанд.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» раиси ҲКТ, намояндаи мардумӣ дар парлумони ҷумҳурӣ Шодӣ Шабдолов иттилоъ дод, «мардум ба намояндагони мардумӣ дар парлумон суолоти зиёде доранд». «Ин суолот ба масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, рафъи оқибатҳои бӯҳрони молӣ, мушкилоти мавҷудаи муҳоҷирати меҳнатӣ, татбиқи қонунҳои қабулкарда дар маҳалҳо ва ғайра дахл доранд», – гуфт ӯ.




           

Ба гуфтаи Ш.Шабдолов, «шахсан ӯ аз фаъолияти палатаи поёнии парлумони кишвар дар соли гузашта қаноатманд нест». «Ман омодаам, бо мардум вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии мавҷудаи кишварро баррасӣ намоям», – афзуд ӯ.




 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.