Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ ба таҳияи заминаи фанниву иқтисодии нерӯгоҳи Сарез омодагӣ изҳор кард

Date:



           

Душанбе. 1-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Зимни гуфтушуниди мақомоти раҳбарии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ бо роҳбари лоиҳаи рушди соҳибкории хурду миёнаи Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ (КБМ) дар Тоҷикистон Венди Вернер ва намояндагони Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе имкони таҳияи заминаи фанниву иқтисодии татбиқи лоиҳаи нерӯгоҳи барқӣ дар кӯли Сарез баррасӣ шуд.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ иттилоъ доданд, В.Вернер изҳор доштааст, ки КБМ дар ҳамдастӣ бо ширкати муҳандисии


«Stucky Ltd»







 

омода аст, заминаи фанниву иқтисодии лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи барқӣ дар кӯли Сарезро таҳия сохта, тамоми масъалаҳои марбут ба онро ҳамаҷониба мавриди омӯзиш қарор диҳад.



«Ҷонибҳо бобати баргузории марҳилаи дуввуми гуфтушунид дар ин хусус бо иштироки бевоситаи намояндагони ширкати муҳандисии


«Stucky Ltd»






ва баррасии ҷузъиёти минбаъдаи сохтмон мувофиқа ҳосил карданд», – афзуд манбаъ.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...