Вазорати маориф ҷиҳати ҳалли масъалаи донишҷӯёни тибқи роҳхат ба ҷойи кор ҳозирнашуда ба ҳукумат пешниҳод ирсол кард

Душанбе. 1-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Соли равон 11 ҳазор нафар омӯзгорони ҷавон, ки нисфашон аз ҳисоби буҷаи давлатӣ таҳсил кардаанд, мактабҳои олӣ ва миёнаи омӯзгориро хатм намуда, тибқи роҳхат ба тамоми манотиқи кишвар фиристода шуданд. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маорифи ҶТ Шермаҳмад Ёрмаҳмадов иттилоъ дод, […]

Мавҷуда Ҳасанова


Душанбе. 1-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Соли равон 11 ҳазор нафар омӯзгорони ҷавон, ки нисфашон аз ҳисоби буҷаи давлатӣ таҳсил кардаанд, мактабҳои олӣ ва миёнаи омӯзгориро хатм намуда, тибқи роҳхат ба тамоми манотиқи кишвар фиристода шуданд.




Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маорифи ҶТ Шермаҳмад Ёрмаҳмадов иттилоъ дод, ба макотиби деҳот 5 ҳазору 508 омӯзгори ҷавон фиристода шуданд.



Номбурда гуфт, феълан аз ҷониби вазорати маориф бобати баргардонидани маблағҳои буҷа, ки баҳри таҳсили донишҷӯён масраф гардидаасту онҳо ба ҷойи кор ҳозир нашудаанд, пешниҳод таҳия гардида, ба ҳукумат ирсол гардидааст ва дар ҳукумат он моҳи июл мавриди баррасӣ қарор мегирад. «Дар сурати маъқул шуморидани пешниҳод, аз донишҷӯёне, ки аз ҳисоби буҷа таҳсил кардаанду тибқи роҳхат ба ҷойи кор ҳозир нашудаанд, баргардонидани маблағи таҳсил талаб карда мешавад», – гуфт ӯ.



Ш.Ёрмаҳмадов афзуд, айни замон макотиби таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ ба 3 ҳазору 414 нафар омӯзгор низ дорад. «Феълан дар 3 ҳазору 810 мактаби таҳсилоти умумии кишвар 97 ҳазор омӯзгор машғули кор мебошанд», – изҳор дошт вай.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.