Вазорати маорифи ҶТ: Соли ҷорӣ шумори квотаҳои президентӣ барои қабул ба макотиби олӣ афзуда шуд

Date:



           

Душанбе. 30-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Соли ҷорӣ шумори квотаҳои президентӣ барои қабул ба макотиби олии Тоҷикистон афзуда шуд.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» муовини сардори раёсати макотиби олии Вазорати маорифи ҶТ Ҳоким Валиев иттилоъ дод, барои соли хониши 2009-2010 шумораи квотаҳои перзидентӣ баҳри таҳсил дар макотиби олии кишвар барои хатмкардагони ноҳияҳои дурдаст 1 ҳазору 150 ҷойро (635 ҷой барои духтарон) ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 43 ҷой зиёдтар мебошад. «Афзоиши шумори квотаҳо ба қонеъ сохтани талаботи минтақаҳо ба кадрҳои баландихтисос вобаста аст», – гуфт ӯ.




           

Оқои Валиев гуфт, соли ҷорӣ тибқи квотаҳои президентӣ макотиби олиро 508 нафар донишҷӯён хатм намуда, боз таҳсили 2 ҳазору 556 нафар идома дорад. «То имрӯз 2 ҳазору 196 нафар мувофиқи квотаҳои президентӣ соҳиби маълумоти олӣ шуданд», – афзуд Валиев.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...