Мусофири хатсайри ҳавоии Душанбе-Екатеринбург бо ҳероини дар дохили меъдааш мавҷудбуда боздошт шуд

Душанбе. 30-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон мусофиреро боздошт намуданд, ки нияти ба хориҷи кишвар интиқол додани маводи мухаддирро дошт. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз АНМН иттилоъ доданд, ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир мусофири хатсайри ҳавоии Душанбе-Екатеринбург, сокини […]

Наргис Ҳамробоева


Душанбе. 30-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон мусофиреро боздошт намуданд, ки нияти ба хориҷи кишвар интиқол додани маводи мухаддирро дошт.




Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз АНМН иттилоъ доданд, ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир мусофири хатсайри ҳавоии Душанбе-Екатеринбург, сокини 23-солаи ноҳияи Варзоб боздошт гардид. «Мусофири боздоштшуда ба агентӣ оварда шуда, аз дохили меъдаи ӯ 50 контейнери дорои ҳероин гирифта шуд», – гуфтанд дар агентӣ.



Бино ба иттилои манбаъ, вазни умумии ҳероини мусодирашуда 388 граммро ташкил медиҳад. «Аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз гардида, ҷиҳати муайян кардани дигар ашхоси ба ин амал дастдошта чораҳо андешида мешаванд», – афзуд манбаъ.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.