Дар Тоҷикистон Рӯзи байнулмилалии гурезагон ҷашн гирифта мешавад

Душанбе. 19-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Пагоҳ, 20-уми июн дар Тоҷикистон рӯзи байнулмилалии гурезаҳо ҷашн гирифта мешавад. Он бо мақсади ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеа ба вазъи гурезагон ва эҳтироми шуҷоату саҳми онҳо дар ҷомеа таҷлил мегардад. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии Идораи Комиссариати Олии СММ оид ба корҳои гурезагон дар шаҳри Душанбе иттилоъ […]

Пайрав Чоршанбиев


Душанбе. 19-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Пагоҳ, 20-уми июн дар Тоҷикистон рӯзи байнулмилалии гурезаҳо ҷашн гирифта мешавад. Он бо мақсади ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеа ба вазъи гурезагон ва эҳтироми шуҷоату саҳми онҳо дар ҷомеа таҷлил мегардад.




Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии Идораи Комиссариати Олии СММ оид ба корҳои гурезагон дар шаҳри Душанбе иттилоъ доданд, ба ифтихори ҷашни мазкур имрӯз бо иштироки роҳбари ин идора Иля Тодорович нишасти хабарӣ доир мегардад.



Тибқи маълумоти СММ, айни замон дар саросари ҷаҳон ҳудуди 20 млн. нафар гурезагон ва 25 мл. нафар шахсони дар дохил макони зист ивазнамуда ба қайд гирифта шудаанд, ки шумораи асосии онҳо дар минтақаи Африқо, минтақаи низои Афғонистон ва Балкан зиндагӣ мекунанд.



Ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри фароҳам сохтани шароити муосии зист ба гурезагон тадбирҳо меандешад. Идораи Косиссариати СММ оид ба корҳои гурезагон оҷонсии марказии байнулмилалиест, ки баҳри ҳаллли мушкилоти гурезагон кӯшиш ба харҷ медиҳад.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.