Дар зарфи панҷ моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон 13 дарсад коҳиш ёфт

            Душанбе. 18-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта дар зарфи панҷ моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон 13 дарсад коҳиш ёфт.             Тибқи маълумоти Кумитаи омори ҶТ, моҳҳои январ-майи соли 2009 дар Тоҷикистон ба маблағи умумии каме бештар аз 2,06 млрд. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ тавлид шудааст. […]

Пайрав Чоршанбиев



           

Душанбе. 18-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта дар зарфи панҷ моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон 13 дарсад коҳиш ёфт.





           

Тибқи маълумоти Кумитаи омори ҶТ, моҳҳои январ-майи соли 2009 дар Тоҷикистон ба маблағи умумии каме бештар аз 2,06 млрд. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ тавлид шудааст. Дар ин давра аз 791 корхонаи саноатӣ 422-тоаш сатҳи истеҳсолотро нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта афзуда, 153 корхона ё худ 19,3 дарсад аз миқдори умумӣ пурра фаъолият накардаанд.




           

Дар моҳи май 282 корхона, аз ҷумла, ҶСП «ТоҷИрон», ҶДММ «Спиртзавод», ҶДММ «Тоҷиккабел», «Энергоремонт», КМ «Кабоол-Текстайлз» ва ғайра аз фаъолият бозмонда буданд.




           

Ёдрас мекунем, ки оғози соли равон муовини вазири энергетика ва саноати ҶТ Пӯлод Муҳиддинов дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор дошта буд, ки дар соли ҷорӣ нисбат ба соли гузашта ба андозаи 7-8 дарсад зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ҷумҳурӣ ба нақша гирифта шудааст.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.