Миқдори аввалини кӯмаки башардӯстонаи Русия ба Тоҷикистон ворид гардид

            Душанбе. 10-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Миқдори аввалини кӯмаки башардӯстонаи Русия ба Тоҷикистон ворид гардид.             Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии дипломатии Русия дар ҶТ иттилоъ доданд, миқдори боқимондаи кӯмак шаби 10-ум ба 11-уми июн вориди Тоҷикистон хоҳад шуд. «Вазни умумии кӯмак 66,5 тоннаро ташкил дода, он аз 10 тонна консерваҳои […]

Аваз Юлдошев



           

Душанбе. 10-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Миқдори аввалини кӯмаки башардӯстонаи Русия ба Тоҷикистон ворид гардид.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии дипломатии Русия дар ҶТ иттилоъ доданд, миқдори боқимондаи кӯмак шаби 10-ум ба 11-уми июн вориди Тоҷикистон хоҳад шуд. «Вазни умумии кӯмак 66,5 тоннаро ташкил дода, он аз 10 тонна консерваҳои гӯштӣ, 70 адад хаймаҳои тобистонаи «Помир-30», 4 адад истгоҳҳои барқии сайёр, ҳудуди 2,5 ҳазор метри мураббаъ шиша ва 2,5 ҳазор кампал иборат аст», – гуфт манбаъ.




           

Бино ба иттилои манбаъ, дар маросими супурдани кӯмак намояндагони мақомоти дахлдори ҳукумати ҶТ ва сафорати Русия дар Тоҷикистон иштирок карданд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.