Идомаи сафари сарвари давлат дар вилояти Хатлон

Душанбе. 10-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз сафари сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Хатлон идома меёбад. Нимаи дуюми дирӯз Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Қӯрғонтеппа дар маросими ба истифода супурдани як корхонаи собунпазӣ иштирок намуд. Зимни шиносоӣ зикр гардид, ки корхонаи мазкур аз ҷониби соҳибкор Аловуддин Салоҳиддинов ба маблағи зиёда аз 550 ҳазор […]

root


Душанбе. 10-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз сафари сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Хатлон идома меёбад.




Нимаи дуюми дирӯз Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Қӯрғонтеппа дар маросими ба истифода супурдани як корхонаи собунпазӣ иштирок намуд. Зимни шиносоӣ зикр гардид, ки корхонаи мазкур аз ҷониби соҳибкор Аловуддин Салоҳиддинов ба маблағи зиёда аз 550 ҳазор доллари амрикоӣ бунёд ёфта, бо таҷҳизот ва дастгоҳҳои замонавии истеҳсоли Русия муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Иқтидори истеҳсолии корхона 4000 тонна собун дар як сол аст. Дар корхона дар 3 баст 100 нафар бо ҷойи кори доимӣ

 

таъмин гаштаанд.



Дар ноҳияи Бохтар Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонии боғутокпарварӣ ва сабзавоткории Муслим, Қосим ва Азиз аз наздик шинос шуд.



Дар шаҳри Сарбанд бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон як корхонаи орд ва як мактаби нави таҳсилоти умумӣ ба фаъолият шурӯъ намуданд.



Корхонаи истеҳсоли орди шаҳри Сарбанд аз тарафи Ҷамъияти масуълияташ маҳдуди «Нури Дилшод» роҳбараш Иноят Саидов бо харҷи зиёда аз 600 ҳазор доллари амрикоӣ сохта ва бо таҷҳизоти ҳозиразамони истеҳсоли Туркия муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Иқтидори истеҳсолии корхона 30 ҳазор

 

тонна орд дар як сол мебошад. Дар корхонаи мазкур барои зиёда аз 90 нафар ҷойи кор пешбинӣ шудааст. Айни ҳол дар ин ҷо 48 нафар бо кори доимӣ ва маоши хуб таъминанд.Сарвари давлат Эмомалӣ

 

Раҳмон ба роҳбари корхона дастур дод, ки дар ҳамин ҷо

 

то 9 сентябри соли 2010 боз

 

яктогӣ сехҳои истеҳсоли макарон, равғанкашӣ ва бастабандии обҳои нӯшокӣ бунёд намуда, барои 150 нафар ҷойҳои корӣ муҳайё созад.



Имрӯз бо иштироки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Қӯрғонтеппа маҷлиси фаъолони вилояти Хатлон доир гардида, дар он аз фаъолияти хоҷагидории вилоят дар панҷ моҳи соли ҷорӣ натиҷагирӣ хоҳад шуд. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд.




 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.