М.Убайдуллоев фаъолияти сохторҳои ширкати «Барқи тоҷик»-ро мавриди интиқоди шадид қарор дод

Душанбе. 10-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Дар мақомоти шаҳрдории пойтахт таҳти раёсати раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласа доир гардида, дар он аз фаъолияти хоҷагидории шаҳр дар зарфи панҷ моҳи соли ҷорӣ натиҷагирӣ карда шуд. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов иттилоъ дод, дар ҷаласа зикр гардид, ки дар […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 10-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Дар мақомоти шаҳрдории пойтахт таҳти раёсати раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласа доир гардида, дар он аз фаъолияти хоҷагидории шаҳр дар зарфи панҷ моҳи соли ҷорӣ натиҷагирӣ карда шуд.




Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов иттилоъ дод, дар ҷаласа зикр гардид, ки дар давраи ҳиоботӣ дар пойтахт панҷ корхонаи саноатӣ мариди истифода қарор гирифта, ҳаҷми сабади истеъмолӣ ба миқдори 6,1 млн сомонӣ (12,4 фоиз) зиёд шуд. Ҳаҷми маблағгузорӣ ба сохтмон 114,4 млн. сомониро ташкил дода, 34 млн. сомонии он сармоягузориҳои хориҷӣ мебошанд. Қисми даромади буҷаи шаҳр ба андозаи 111,1 фоиз иҷро шуда 263,3 млн. сомониро ташкил дод.


Ҳ


аҷми ҳиссаи пойтахт дар даромади буҷаи кишвар зиёда аз 40 дарсадро ташкил медиҳад. Гардиши мол 393 млн. сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23,6 дарсад бештар аст.



Ба гуфтаи сухангӯи раиси пойтахт, М.Убайдуллоев фаъолияти сохторҳои ширкати «Барқи тоҷик» дар пойтахтро мавриди интиқоди шадид қарор дод. Зикр гардид, ки корҳои насби трансформаторҳои иловагӣ, таъмир ва иваз намудани онҳо, иваз кардани такягоҳҳои хатҳои шабакаи барқ то имрӯз ҳамагӣ дар ҳаҷми 8-10 фоиз ба иҷро расида, талафоти беасоси нерӯи барқ дар шаҳр зиёд мешавад.



Ш.Саидов афзуд, барои ғайриқаноатбахш иҷро намудани вазифаи худ мудири шӯъбаи қабули арзу шикояти шаҳрвандони дастгоҳи раиси шаҳр Ҷамшед Кабиров аз мансаб сабукдӯш гардид.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.