Соли равон кишоварзони Суғд баҳри ба даст овардани ҳосили хуби пиёзу картошка ҷидду ҷаҳд мекунанд

            Хуҷанд. 28-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Соли равон кишоварзони вилояти Суғд ният доранд, ки нисбат ба соли гузашта ҳосили бештари пиёзу картошка ба даст оранд, зеро соли сипаригашта пиёзро лозим омад ҳатто аз Русияву дигар кишварҳо ворид созанд.             Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» муовини сардори Раёсати кишоварзии вилоят Рустамҷон Раҳимов иттилоъ дод, […]

Бахтиёр Валиев



           

Хуҷанд. 28-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Соли равон кишоварзони вилояти Суғд ният доранд, ки нисбат ба соли гузашта ҳосили бештари пиёзу картошка ба даст оранд, зеро соли сипаригашта пиёзро лозим омад ҳатто аз Русияву дигар кишварҳо ворид созанд.







           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» муовини сардори Раёсати кишоварзии вилоят Рустамҷон Раҳимов иттилоъ дод, феълан дар майдони


3016 гектар

пиёз кишт карда шуда, боз барои кишти он 100 гектари дигар боқӣ мондааст, ки дар муқоиса бо соли гузашта

428 гектар

зиёдтар мебошад. Картошка низ дар майдони

2385 гектар

кишт шуда, боз то моҳи июл дар масоҳати 2116 гектари дигар шинонида мешавад.




           

Тибқи пешгӯиҳои мутахассисон, соли равон ба даст овардани ҳосили пиёз дар ҳаҷми 61 ҳазор тонна ва картошка 112 ҳазор тонна пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба соли гузашта мутаносибан 3 ҳазор ва 11 ҳазор тонна бештар мебошад.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал бо дар бораи фаҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.