Шоми имрӯз президенти Туркия ҷиҳати анҷоми нахустин боздиди расмӣ вориди Тоҷикистон мешавад

Душанбе. 28-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Шоми имрӯз президенти Туркия Абдулло Гул ҷиҳати анҷоми нахустин боздиди расмӣ вориди Тоҷикистон мешавад. Тибқи иттилои вазорати умури хориҷии ҶТ, фардо дар Кохи Миллат нахуст мулоқоти як ба яки сарони кишварҳои Тоҷикистону Туркия ва сипас гуфтушуниди ҳайати васеи намояндагони ҳукуматҳо баргузор мешавад. Пас аз дидору гуфтушунидҳо имзои як силсила […]

Виктория Наумова


Душанбе. 28-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Шоми имрӯз президенти Туркия Абдулло Гул ҷиҳати анҷоми нахустин боздиди расмӣ вориди Тоҷикистон мешавад.




Тибқи иттилои вазорати умури хориҷии ҶТ, фардо дар Кохи Миллат нахуст мулоқоти як ба яки сарони кишварҳои Тоҷикистону Туркия ва сипас гуфтушуниди ҳайати васеи намояндагони ҳукуматҳо баргузор мешавад. Пас аз дидору гуфтушунидҳо имзои як силсила асноди ҳамкорӣ дар назар аст.



Тибқи барномаи сафар, президенти Туркия пагоҳ ҳамчунин дар ҳамоиши доираҳои тиҷоратии давлатҳо дар пойтахти Тоҷикистон ширкат варзида, сипас бо фаъолияти литсейи тоҷикиву туркии ба номи Хоҷӣ Камол аз наздик ошно хоҳад шуд.



Рӯзи 30-юми май Абдуллло Гул бо нахуствазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов ва раиси палатаи поёнии парлумони кишвар Сайдулло Хайруллоев мулоқот мекунад.



Тибқи маълумоти Вазорати умури хориҷии ҶТ, Туркия соҳибистиқлолии Тоҷикистонро 29-уми январи соли 1992 эътироф сохта, худи ҳамон рӯз муносиботи дуҷонибаи дипломатиро роҳандозӣ намуд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.