Хабаргузориҳои «РИА Новости» ва «Азия-Плюс» дар мавзӯи «СҲШ: фазои эътимод ва амнияти иттилоотӣ» иртиботи мустақими видеойӣ доир месозанд



           

Душанбе. 28-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Дар пешорӯи нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай моҳи июни соли ҷорӣ дар шаҳри Екатеринбург, хабаргузории «РИА Новости»-и Русия дар мавзӯи «СҲШ: фазои эътимод ва амнияти иттилоотӣ» мизи мудаввар барпо мекунад.





           

Дар ҷараёни баргузории мизи мудаввар бо пойтахтҳои давлатҳои аъзои СҲШ: Маскав – Пекин – Остона – Душанбе – Бишкек – Тошканд иртиботи мустақими видеойӣ барпо мегардад.




           

Дар чорабинӣ роҳбарони сохторҳои давлатӣ, кормандони вазоратҳои хориҷии кишварҳо, коршиносони байнулмилалӣ ва намояндагони васоити ахбори умум иштирок мекунанд.




           

Дар чаҳорчӯбаи амалисозии лоиҳаи мазкур дар Тоҷикистон Оҷонсии иттилоотии «Азия-Плюс» ба сифати шарики хабаргузории «РИА Новости» интихоб шудааст.

 



spot_imgspot_img

Популярное