Хабаргузориҳои «РИА Новости» ва «Азия-Плюс» дар мавзӯи «СҲШ: фазои эътимод ва амнияти иттилоотӣ» иртиботи мустақими видеойӣ доир месозанд

            Душанбе. 28-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Дар пешорӯи нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай моҳи июни соли ҷорӣ дар шаҳри Екатеринбург, хабаргузории «РИА Новости»-и Русия дар мавзӯи «СҲШ: фазои эътимод ва амнияти иттилоотӣ» мизи мудаввар барпо мекунад.             Дар ҷараёни баргузории мизи мудаввар бо пойтахтҳои давлатҳои аъзои СҲШ: Маскав – Пекин – Остона […]

Аваз Юлдошев



           

Душанбе. 28-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Дар пешорӯи нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай моҳи июни соли ҷорӣ дар шаҳри Екатеринбург, хабаргузории «РИА Новости»-и Русия дар мавзӯи «СҲШ: фазои эътимод ва амнияти иттилоотӣ» мизи мудаввар барпо мекунад.





           

Дар ҷараёни баргузории мизи мудаввар бо пойтахтҳои давлатҳои аъзои СҲШ: Маскав – Пекин – Остона – Душанбе – Бишкек – Тошканд иртиботи мустақими видеойӣ барпо мегардад.




           

Дар чорабинӣ роҳбарони сохторҳои давлатӣ, кормандони вазоратҳои хориҷии кишварҳо, коршиносони байнулмилалӣ ва намояндагони васоити ахбори умум иштирок мекунанд.




           

Дар чаҳорчӯбаи амалисозии лоиҳаи мазкур дар Тоҷикистон Оҷонсии иттилоотии «Азия-Плюс» ба сифати шарики хабаргузории «РИА Новости» интихоб шудааст.

 



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.