«Барқи тоҷик» иддаъои мақомоти раҳбарии нерӯгоҳи «Сангтӯда-1»-ро рад месозад

            Душанбе. 28-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – «Иттилои интишоргардида аз ҷониби мақомоти раҳбарии ҶСК «Нерӯгоҳи Сангтӯда-1» дар бораи аз ҷониби ШСХК «Барқи тоҷик» пардохт нагардидани маблағи истифодаи нерӯи барқ ва бо ин сабаб боздошта шудани сохтмони иншооти мазкур асоси воқеӣ надорад», – гуфт дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи ширкати «Барқи тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ. […]

Аваз Юлдошев



           

Душанбе. 28-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – «Иттилои интишоргардида аз ҷониби мақомоти раҳбарии ҶСК «Нерӯгоҳи Сангтӯда-1» дар бораи аз ҷониби ШСХК «Барқи тоҷик» пардохт нагардидани маблағи истифодаи нерӯи барқ ва бо ин сабаб боздошта шудани сохтмони иншооти мазкур асоси воқеӣ надорад», – гуфт дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи ширкати «Барқи тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ.





           

Ба гуфтаи сухангӯи ширкат, воситаҳои пулие, ки барои сохтмони иншоот пешбинӣ шудаанд, тамоман сарчашмаи дигар доранд ва ба пардохти маблағи истифодаи нерӯи барқ вобаста нестанд. «Маблағи сохтмони иншоот аз ҷониби ҳукуматҳои Русияву Тоҷикистон ҷудо карда мешаванд», – гуфт ӯ.




           

Н.Ёдгорӣ мегӯяд, бо назардошти ин нукта, мақомоти раҳбарии нерӯгоҳро зарур аст сабаби таваққуфи корҳои сохтмонӣ дар иншоотро дар ҷойи дигар ҷусутӯҷӯ намоянд. «Айни замон баҳри ҳалли масъалаи мазкур аз ҷониби Тоҷикистон тамоми чораҳо андешида мешаванд», – гуфт ӯ ва афзуд, ки бо ниҳодҳои молиявии ҷаҳонӣ оид ба ҷудо кардани қарзи имтиёзнок гуфтушунид идома дошта, рӯзҳои наздик ин масъала роҳи ҳалли худро пайдо хоҳад кард.



Ёдовар мешавем, ки 26-уми май мақомоти раҳбарии нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» изҳороте пахш сохта, дар он хабар дода буд, ки ба иллати аз ҷониби Тоҷикистон пардохт нагардидани маблағи истифодаи нерӯи барқи нерӯгоҳи «Сангтӯда-1», сохтмони ин иншоот боздошта шуд. Дар изҳорот гуфта мешуд, ки қарзи ҷониби Тоҷикистон феълан аз 18 млн. $ зиёдтар шуда, он то ҳанӯз пардохт нашудааст ва нерӯгоҳ барои харидории маводи сӯзишворӣ маблағ надорад.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.